Ҷавонони Тоҷикистон журналистикаи мобилӣ ва технологияҳои зеҳни сунъиро меомӯзанд
Ҳикояҳои илҳомбахш, малакаҳои нав ва дастгирии шарикон — натиҷаи ташаббуси нодирест, ки ҷавонони соҳаи медиа аз тамоми кишварро муттаҳид кард.
Омӯзиш ва технология барои оянда
Дар давраи татбиқи лоиҳаи Mobil reporting даҳҳо журналистон ва блогерони ҷавон аз минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон ба омӯзиши фишурдаи усулҳои муосири журналистикаи мобилӣ, кори шабакаҳои иҷтимоӣ ва истифодаи зеҳни сунъиро дар амалияи медиа фаро гирифта шуданд.
Барномаи омӯзишӣ аз дарсҳои ҳам назариявӣ ва ҳам амалӣ тартиб ёфта буданд: иштирокчиёни он усулҳои бо смартфон гузоришҳои босифат таҳия намудан, кадрҳоро дуруст сохтан, истифода будрдани алгоритмҳои шабакаҳои иҷтимоӣ ва аз абзорҳои ИИ истифода бурданро омӯхтанд.
Манотиқи фарогир ва гуногунии иштирокчиён
Дар лоиҳа 24 ҷавон аз Душанбе, Хоруғ, Суғд, Хатлон ва дигар минтақаҳо ширкат карданд. Дар миёни онҳо — журналистони нашрияҳои пешсаф, муҳаррирони платформаҳои онлайнӣ, блогерон ва намояндагони соҳаҳои эҷодӣ буданд.
Гузоштани акси марбут
Дар рафти омӯзишҳо ба фарогирии инклюзивӣ таваҷҷуҳи махсус дода шуд: дар тренинго ҷавонони дорои маълулият низ иштирок карданд ва аз зумраи фаъолтарин ва илҳомбахштарин иштирокчиён гардиданд. Муҳити ҳамдигарфаҳмӣ ва дастгирӣ ба ҳар яки онҳо имкон дод, ки истеъдоди худро кушояд.
Овозҳои иштирокчиён Гузоштани акси марбут
«Ман мустақиман тариқи телефон таҳия кардани гузоришҳо ва истифодаи зеҳни сунъиро барои кор бо хабарҳо омӯхтам», — гуфт яке аз иштирокчиён.
«Ин мактаб ба ман на танҳо дониш дод, балки барои кори минбаъдаам илҳом бахшид», — гуфт журналисти ҷавон аз Исфара.
«Акнун ман бовар дорам, ки барои расидан ба ҳадафҳои бузург қодирам», — гуфт блогер аз ноҳияи Айнӣ.
Ин андешаҳо дастовардҳои асосии барнома — афзоиши эътимод ва касбияти ҷавонони соҳаи медиаро инъикос мекунанд.
Нақши шарикон ва донорон
Ташаббус бо дастгирии шарикон ва донорон амалӣ гардид, ки ба қувваи лоиҳаҳои ҷавонон ва рушди саводи медиавӣ бовар доранд. Ҳамкории онҳо ба мо имкони баргузории мактабҳо омодасозии мураббиён ва шароит барои омӯзиши амалӣ фароҳам овард.
Гузоштани ссҷлкаҳои якчанд маводҳои хубу назарраси иштирокчиён
Натиҷаҳо ва дурнамо
Дар давраи омӯзиш иштирокчиён зиёда аз 80 маводи медиа — аз гузоришҳои видеоӣ то блогҳо ва постҳои шабакаҳои иҷтимоиро таҳия карданд. Ин корҳо аллакай дар байни аудиторияи васеи хонандаву бинандагон дастгирӣ ёфта, бозгӯ пайдо карданд ва боиси тарғибу ташвиқ ба амал гардида, ба рушди контенти мустақил ва босифат мусоидат менамоянд.
Дар дурнамо, дар назди мо нақшаҳои нав — идомаи мактаби маҳорат, беҳтару амиқтар намудани кори роҳбаладӣ ва дастгирии муаллифони ҷавон барои эҷоди контенти касбӣ истодааст.
Лоиҳаи Mobil reporting қадами муҳим дар рушди журналистикаи ҷавонон дар Тоҷикистон гардид. Он нишон дод, ки технологияҳои муосир ва дастгирии шарикон метавонанд насли нави мутахассисони медиавиро ба идеяҳои ҷасурона ва маводи босифат илҳом бахшанд ва ҷомеаро ба самти беҳтар тағйир диҳанд.
