Дар ҷомеа ҳар як инсон,
Ба пешравӣ дорад Имкон,
Дар танҳои ояд мушкил,
Бо ҳам гардад боз ҳам осон!
Ташкилоти ҷамъиятии “Имкон”
Имкон — барои рушди инсон!
Санаи таъсис: 18 апрели соли 2019
Бақайдгирӣ: Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сатҳ: Ҷумҳуриявӣ
Роҳбар: Холбибӣ Эшонбобоева
Суроғаи марказӣ: ш.Хуҷанд, микроноҳияи 20-ум, бинои 35, «Кохи Матбуот»
Намояндаҳо: ш.Душанбе, ш.Бохтар.
Дар бораи ташкилот
«Имкон» созмоне мебошад, ки бо ташаббуси равшанфикрон дар шакли ташкилоти ҷамъиятӣ таъсис ёфтааст ва аз қайди давлатӣ гузаштааст.
Вазифаи асосии ташкилот фароҳам овардани имкониятҳо барои рушди зеҳнии ҷомеа ва самарнок истифода бурдани имкониятҳои медиа мебошад.