Муаллифи муҷассамаҳои машҳур – “Дуои модар”, “Ҷомӣ ва Навоӣ”, Исмоили Сомонӣ, Гулназар Келдӣ, Садриддин Айнӣ ва Бобоҷон Ғафуров – рассом ва муҷассамасози маъруф Ғафурҷон Ҷӯраев, образи коронавирусро офаридааст.
«Ин ҳамон образи коронавирус аст, ки дар як марҳалаи муайян тамоми ҷаҳонро ба даҳшат овард», – мегӯяд Ғафурҷон Ҷӯраев.
Ба гуфтаи ӯ, санъат дорои қувваи бузург аст ва дар ҷомеа нақши муҳимеро иҷро мекунад.
«Ҳар асаре, ки меофарам, мекӯшам мазмун ва ғояи амиқ дошта бошад, то ба тарбияи насли наврас ва ҷомеа – агарчи андаке ҳам бошад – таъсири мусбат расонад», – афзуд ӯ.
Тафсилоти бештарро дар гузориши зер бинед.

#imkon#героирядом#искусство#swiss#swisscooperationoffice#Tajikistan

