“ДЕВОНАИ САНЪАТ” ДАР ИСФАРА

·

“Агар боз ба ин дунё меомадам, боз санъатро интихоб мекардам, зеро ман девонаи санъат ҳастам”, — мегӯяд Ҳамза Ҳакимзода.
Ӯ як моҳ пеш аз Ҷопон асбоби нав харид.
“Ҳадди ақал 30 фоизи мусиқӣ аз асбоб вобаста аст. Агар он носоз бошад, то 30 фоиз садо ва ҳиссиёт аз даст меравад”, — мегӯяд ӯ.
Бо вуҷуди истеъдод, пас аз хатми донишгоҳ ба зодгоҳаш — яке аз минтақаҳои дурдасти кишвар — баргашт ва нозукиҳои касби худро ба ҷавонон меомӯзад. Ҳоло фаъолияти эҷодиашро дар Қасри фарҳанги шаҳри Исфара ва Мактаби санъати бачагона идома медиҳад.
Ҳам бо ғиҷҷаки суннатии чӯбин ва ҳам бо ғиҷҷаки муосири барқӣ менавозад ва дар тӯю маъракаҳо низ ҳунарнамоӣ мекунад.
“Навозандаи бомаҳорат дар чайхона нишаста, ба пешхидмат бо ғиҷҷак мегӯяд: “Чойи кабуд биёред!” — бо ханда мегӯяд ӯ.
Ӯ бо ифтихор мегӯяд, ки аз пайравони Мирзоқурбон Солиев аст.
Муфассалтар дар гузориши зерин бубинед.

#imkon#героирядом#искусство#swiss#swisscooperationoffice#Tajikistan