НАФАРЕ, КИ ШЕКСПИРРО БА НОҲИЯИ СПИТАМЕН ОВАРДААСТ
Абдуқодир Яҳёев – ҳунарпешаи театр ва синамо, ки дар як театри хурди ноҳияи Спитамен шоҳасарҳои адабиёти ҷаҳонро рӯйи саҳна овардааст. Аз ҷумла, асарҳои драматурги маъруф Уилям Шекспирро низ ба саҳна гузоштааст.
«Ӯ худ яке аз ҳунарпешагони барҷастаи замони мост», — мегӯяд Қодир Мирашуров, сарояндаи маъруф ва ҳунарпешаи хизматнишондодаи Тоҷикистон.
Қаҳрамони мо дар 5–6 соли охир дар беш аз 20 филми бадеии истеҳсоли Ӯзбекистон низ нақш офаридааст.
Муфассал дар гузориши зерин бубинед.
Гузориш дар доираи лоиҳаи «Қаҳрамонон дар миёни мо» (Герои рядом), ки бо кӯмаки молиявии Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Тоҷикистон амалӣ мегардад, омода шудааст.

#imkon #героирядом #искусство #swiss #swisscooperationoffice #Tajikistan

