Мактаби омӯзишии “Репортажи мобилии пешрафта” аз ҷониби ташкилоти ҷамъиятии “Имкон” ташкил шуда, дар ду марҳила гузаронида шуд.
Марҳилаи аввал аз 17 то 24-уми декабри соли 2024 ва марҳилаи дуюм аз 17 то 24-уми январи соли 2025 дар осоишгоҳи Хоҷа Оби Гарм, воқеъ дар Варзоб баргузор шуд. Дар доираи Мактаб иштирокчиён на танҳо донишҳои назариявӣ гирифтанд, балки малакаҳои худро ба амал татбиқ намуда, контентҳои гуногун барои шабакаҳои иҷтимоӣ истеҳсол карданд. Дар интихо ба иштирокдорон аз ҷониби ТҶ «Имкон» ва намояндаҳои ҳамкори лоиҳа – Сафорати ИМА дар шаҳри Душанбе оиди бо муфаввақият хатм намудани Мактаби омӯзишии «Имкон» Сертификат супорида шуд.






















