«Одамоне, ки мерақсанд, майнаи сарашон баробари олимон кор мекунад», – таъкид мекунад қаҳрамони мо. Таҳмина Валиева, зодаи шаҳри Панҷакент, дар Душанбе мактаби рақси худро таъсис додааст. Ӯ худ устоди рақс аст ва бо гузашти вақт шумораи шогирдонаш бештар мешавад. Мегӯяд, ҳар рӯз бо хушнудӣ ба кор меравад ва хушбахт аст, ки ба орзуҳои кӯдакиаш расидааст. Ба андешаи ӯ, агар волидон фоидаи раққсро хубтар медонистанд, пеш аз ҳама фарзандони худро ба мактаби рақс мебурданд. Гузориш дар доираи лоиҳаи «Қаҳрамонон дар миёни мо» (Герои рядом), ки бо кӯмаки молиявии Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Тоҷикистон амалӣ мегардад, омода шудааст.
