Ҳадафи лоиҳа — ташаккули таҳаммулнопазирии ҷомеа нисбат ба хушунати хонаводагӣ тавассути силсила-барномаҳои телевизионӣ, маводҳои видеоӣ ва таблиғотӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ мебошад.
Мақсади лоиҳа ба он равона шудааст, ки назари ҷомеаро нисбат ба хушунати хонаводагӣ тағйир диҳад ва нишон диҳад, ки он ҳодисаи “муқаррарӣ” нест, балки падидаест, ки бояд қатъиян решаканд карда шавад.
Дар тӯли 30 соли истиқлолият дар кишвар як қатор қонунҳо қабул карда шуданд, илова бар ин, маблағҳо аз буҷаи давлат ва бо дастгирии бевоситаи шарикони рушд барои кушодани марказҳои дастгирии заноне, ки мавриди хушунати хонаводагӣ қарор гирифтаанд, ҷудо карда шуданд. Мутаассифона, бо вуҷуди ифтитоҳи чунин марказҳо, хушунат алайҳи занон, бахусус хушунати хонаводагӣ, дар кишвар ҳамчунон идома дорад. Яъне, дар менталитети аҳли ҷомеаи мо хушунати хонаводагӣ як ҳодисаи маъмулӣ ба ҳисоб меравад. Таҳлилҳо нишон доданд, ки сабаби асосии зӯроварӣ нисбати занон, алахусус хушунати хонаводагӣ, таҳаммулпазирии атрофиён ба ин падида аст ва ин андешаву рафтори ғалат аст ва ҷомеа бояд бо ин падида таҳаммулнопазир бояд бошад. Дар рафъ ё коҳиши хушунати хонаводагӣ на танҳо бегонагон, балки аъзои оила, хешовандон, волидон ва ҳамсояҳо низ нақши калон доранд. Ташкилоти ҷамъиятии “Имкон” тавассути нашри барнома ва паҳн кардани порчаҳои видеоӣ, сарлавҳаи видео ва сабти пурра дар шабакаҳои иҷтимоӣ, аз қабили YouTube, Facebook, саҳифаҳои Facebook-и муассисаи давлатии «Ҷаҳоннамо» мехоҳад то андозае ҳам бошад саҳме барои тағйир додани назари ҷомеа, волидон ва насли баркамол ба ин мушкилот гузорад.
Дар раванди амалигардонии лоиҳа аз моҳи сентябри соли 2021 то моҳи феврали соли 2022 дар мавзӯоти хушунати ҷисмонӣ, равонӣ, ҷинсӣ ва иқтисодӣ дар оила чор барномаи телевизионӣ
омода ва дар телевизиони “Ҷаҳоннамо” пахш гардид.
Ду гузориш дар вилояти Суғд, ду гузориши дигар дар шаҳри Душанбе омода гардид.
Инчунин, барои ҷалби таваҷҷуҳи васеи ҷомеа чор видеои таблиғотӣ таҳия ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн карда шуданд.
Дар барномаҳову видеоҳои таблиғотӣ равоншиносон, ҳуқуқшиносон, намояндагони мақомоти давлатӣ ва динӣ, инчунин шаҳрвандон — падару модарон, донишҷӯён ва сокинони маҳаллӣ иштирок карданд.
Телевизиони “Ҷаҳоннамо” дорои аудиторияи васеъ буда, то 4–5 миллион тамошобинро фаро мегирад.
Ҳамзамон дар доираи ин ташаббуси лоиҳавии ташкилоти ҷамъиятии “Имкон” гузоришҳои таҳлилӣ бо иштироки қаҳрамонҳо, коршиносон ва пурсишҳои мардум омода ва пахшгардида дар саҳифаҳои интернетӣ ва саҳифаҳои шабакаҳои иҷтимоии ташкилоти ҷамъиятии “АМВАОМТ» ва шарикони дигар нашр гардиданд.
Лоиҳаи мазкур қисме аз лоиҳаи фарогири “Нигоҳ доштани тавозун: таҳкими устуворӣ ва аҳамиятнокии воситаҳои ахбори оммаи мустақил дар Тоҷикистон” мебошад, ки аз ҷониби Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон маблағгузорӣ гардид. идааст.
Лоиҳа нишон дод, ки таваҷҷуҳи ҷомеа ва иштироки фаъол роҳест барои тағйирот дар бартараф кардани мушкилот. Қадами навбатӣ — васеъ кардани фарогирӣ ва таҳияи форматҳои нав, то боз ҳам бештар одамон дарк кунанд, ки хушунати хонаводагӣ дар ҷомеа падидаи номабул дониста шавад.
