8 декабри соли 2025 ҳайати Дафтари ҳамкории Швейтсария дар Тоҷикистон аз дафтари ташкилоти ҷамъиятии «Имкон» дар шаҳри Хуҷанд боздид ба амал овард. Ин сафар ба як минбари муҳим барои муҳокимаи лоиҳаҳои амалкунанда, мубодилаи таҷриба ва муайянсозии самтҳои нави ҳамкорӣ табдил ёфт.
Дар мулоқот аз ҷониби меҳмонон хонум Дениз Люти, роҳбари Дафтари ҳамкории Швейтсария дар Тоҷикистон, Муаттархон Баширова, ҳамоҳангсози барномаҳои фарҳанг ва санъат, ва Зӯҳро Абдураҳмонова, ёрдамчии роҳбари Дафтар, иштирок карданд.
Аз ҷониби мизбонон бошад, роҳбар ва муовини роҳбари ТҶ «Имкон» ва ҳамчунин кормандони ташкилот ҳузур доштанд.
Зимни боздид меҳмонон бо самтҳои фаъолияти ташкилоти ҷамъиятӣ, лоиҳаҳои татбиқшуда ва нақшаҳои минбаъдаи он шинос гардиданд.

Муовини раиси ТҶ «Имкон» Мелибоев Озод Ҳошимович ба меҳмонон маълумоти муфассал дар бораи фаъолият, самтҳои калидӣ, ҳадафҳо ва барномаҳои амалкунандаи ташкилот пешниҳод намуд.
ТҶ «Имкон» 18 апрели соли 2019 дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами РО 1882 ба қайд гирифта шудааст. Дафтари марказии он дар шаҳри Хуҷанд ҷойгир аст ва бо дарназардошти мақоми ҷумҳуриявӣ, ташкилот дар шаҳрҳои Душанбе ва Бохтар низ фаъолият мекунад.
Дар муаррифии ҳадафҳои асосии ташкилот таъкид гардид, ки ТҶ «Имкон» тибқи оиннома дар самтҳои зерин фаъолият мебарад:
— рушди зеҳнии ҷомеа;
— инъикоси ҳаёти иҷтимоии шаҳрвандон тавассути ВАО;
— ташкили чорабиниҳои фарҳангӣ, иҷтимоӣ ва маърифативу омӯзишӣ;
— баланд бардоштани малакаҳои касбии мутахассисон ва шаҳрвандони фаъол;
— саҳмгузорӣ дар таҳкими робитаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ-гуманитарӣ ва сиёсӣ байни халқҳои Осиёи Марказӣ;
— рушди дипломатияи мардумӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ;
— пешгирии ихтилофҳои миллӣ, динӣ ва иҷтимоӣ.


Дар мулоқот инчунин зикр шуд, ки дар тӯли фаъолияти худ ТҶ «Имкон» даҳҳо лоиҳаро дар сатҳҳои маҳаллӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ бомуваффақият татбиқ кардааст. Аз ҷумла:
— филми ҳуҷҷатии «Бозии хурд» дар бораи равандҳои ҳамгироии кишварҳои Осиёи Марказӣ;
— лоиҳаи «Одамони таҳаммулгар» оид ба таҳаммулпазирии динӣ дар Тоҷикистон;
— барномаи «Advanced Mobile Reporting», ки ба рушди малакаҳои журналистикаи мобилӣ ва истеҳсоли видеоконтент бо истифодаи технологияҳои муосир равона шудааст.


Дар идомаи мулоқот ҷонибҳо перомуни густариши минбаъдаи ҳамкорӣ ва татбиқи иқдомоти муштарак мубодилаи назар намуданд. Намояндагони Дафтари ҳамкории Швейтсария аҳаммияти фаъолияти ТҶ «Имкон»-ро дар таҳкими муколамаи фарҳангӣ ва рушди неруи инсонӣ таъкид карданд.
ТҶ «Имкон» омодагии худро барои таҳкими минбаъдаи шарикӣ ва роҳандозии лоиҳаҳои нав, ки ба рушди ҷомеа, таҳаммулпазирӣ ва ҳамкории созанда равона шудаанд, баён намуд.
Дар мулоқот инчунин ба лоиҳаи муштараки ҷорӣ — «Герои рядом» (Қаҳрамонон дар паҳлӯи мо) таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид. Лоиҳа ҳадафҳои зеринро дарбар мегирад:
— эҳё ва тарғиби мероси фарҳангӣ ва шахсиятҳои фарҳангиву ҳунарӣ;
— саҳмгузорӣ дар ташаккули образҳои мусбат дар ҷомеа;
— мубориза бо стереотипҳои манфӣ, аз ҷумла нисбат ба занон, тавассути ВАО;
— тарғиби фарҳанг ва санъат бо усулҳои муосири иттилоотӣ.
Меҳмонон нисбат ба рушди минбаъдаи лоиҳа ва тақвияти иқдомоти фарҳангӣ ва иттилоотӣ изҳори ҳавасмандӣ карданд.
Шумо метавонед маводи лоиҳаи «Герои рядом» (Қаҳрамонон дар паҳлӯи мо)-ро дар ин саҳифа тамошо намоед:



